Лекция по "Социологии"
Автор: safarmurod0000 • Февраль 25, 2019 • Лекция • 29,409 Слов (118 Страниц) • 835 Просмотры
Наќша:
- Мафњуми сотсиология
- Мавзуъ ва объекти сотсиология њамчун илм
- Вазифањои асосии сотсиология
1.Мафњуми сотсиология
Истилоњи «сотсиология» аз пайвасти калимањои лотинии sociеtas - љамъият ва юнонии logos — таълимот, бармеояд. Ин истилоњро ба илм олими фаронса ва файласуфи Замони Нав Огюст Конт дохил кардааст. Туфайли сањми бузургаш О.Контро асосгузори сотсиология њамчун илми мустаќил оид ба љамъият мењисобанд.
2.Мавзўъ ва объекти сотсилогия хамчун илм
Мавзуи сотсиология хамчун илм
Сотсиология - илм дар бораи ќонуниятњои мављудияту инкишофи системањои иљтимоии таърихан муайян, тарзи амал ва шаклњои зуњуроти ин ќонуниятњо дар фаъолияти шахсиятњо, умумиятњои иљтимої, синфњо, халќњо мебошад.
Сотсиология њамчун илми мустаќил дар асри ХIХ ба вуљуд омадааст. То ин ваќт таълимотњои гуногун оид ба мављудияту инкишофи љамъият њамчун ќисми таркибии таълимотхои умумифалсафии мутаффакирони Шарќ ва Fарб ба вучуд оварда шуда буданд.
Омилњои асосие, ки барои њамчун илми мустаќил ташаккул ёфтани сотсиология мусоидат намудаанд, инњоанд:
- Ташаккули худшиносии олимони ин соњаи дониш. Ба хубї дарк карда шудани мавчудияти объекти махсус ва усулњои хосаи тадќиќоти сотсиологӣ;
- Ташкил шудани нашрияњои сотсиологии даврї, масалан маҷаллаҳо;
- Ворид карда шудани сотсиология ба наќшањои таълимии мактабњои мухталиф:литсейњо, гимназияњо, коллељњо, донишгоњу донишкадањо;
- Ташкил ёфтани таълимгоњњои махсусгардонидашудаи омӯзиши сотсиология;
- Таъсис дода шудани иттињодияњои олимони сотсиология - ассотсиатсияњои миллию байналхалќии сотсиологї.
Объекти омузиши сотсиология
Тарафњою љињатњои мухталифи љомеа аз љониби як ќатор илмњо ба монанди фалсафаи иљтимої, иќтисоди сиёсї, таърих, демография, антропология ва ѓайра омўхта мешаванд.
Сотсиология бошад объект ва предмети омузиши ба худ хосро дорост.
Махз муносибатхои ичтимої ва тадкики онхо дар сотсиология ахамияти хоса доранд. Ин фан фаъолиятхо ва муносибатњои иљтимоии одамонро меомузад.
Объекти тадќикотњои сотсиологї – инҳо ҷињатхои иљтимої, яъне робитаю муносибатњо, таъсири мутаќобилаи иљтимої ба шумор мераванд. Тадќиќи љињати иљтимої њамаи он масъалањоеро дар бар мегирад, ки бо фаъолияти инсон (маќоми он дар љамъият, дар љомеаи мењнатї, дар оила, дар гурўњњои гуногуни иљтимої), бо эњтиёљотњо ва арзишњо, бо муносибатњои инсон ба худи худаш, бо њодисоту равандњои љамъияти алоќаманд хастанд
3.Вазифањои асосии сотсиология
Чунин вазифањои асосии сотсиологияро људо намудан мумкин аст:
маърифатї
амалї (дар шакли назорати иљтимої, пешгўї кардан, истифодабарии тадќиќотњои сотсиологї дар кори банаќшагирии иљтимої ва ѓайра)
идеологї
гуманистї (инсонгарої)
Дар Љумњурии Тољикистон ба илми сотсиология таваччухи хоса зохир карда мешавад. Дар назди Институти фалсафа ва њуќуќи АФ Тољкистон шўъбаи тадќиќоти сотсиологї фаъолият дорад, дар њамаи макотиби олї фанни сотсиология таълим дода мешавад, аз хизматрасонии сотсиологї дар парлумон, дастгоњи Президент, њукумат, дар корхонањо, ташкилотњои љамъиятию сиёсї, радио ва телевизион васеъ истифода мебаранд.
Мавзўи 2. Сохтор ва дараљањои дониши сотсиологї
Наќша:
- Сохтори дониши сотсиологӣ
- Дараҷањои дониши сотсиологӣ
- Зинаҳои дониши сотсиологӣ
- Сохтори дониши сотсиологї
Доираи объектњои сотсиология њамчун илм басо васеъ ва гуногун аст ва ин омил хусусиятњои сохтори дониши сотсиологиро муайян месозад.
Сохтори дониши сотсиологї низоми муайяни донишњо оид ба љамъият њамчун системаи пайваста амалкунанда ва инкишофёбанда мебошад. Онро њамчун системаи тасаввуротњо, мафњумњо, аќидањо, назарияњои бо њам алоќаманд дар бораи равандњои иљтимоии дараљањои гуногун: њаёту фаъолияти шахсиятњои алоњида, гурўњњои иљтимої ё умуман љамъият дида баромадан мумкин аст.
...