Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Контрольная работа по "Экономике"

Автор:   •  Январь 9, 2022  •  Контрольная работа  •  707 Слов (3 Страниц)  •  227 Просмотры

Страница 1 из 3

Маводҳо барои машгулиятҳои амалӣ ва КМРО аз фанни макроиқтисод барои донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси 1.40.01.02.02

Ба саволҳои овардашуда мухтасар ҷавоби хаттӣ диҳед.

  1. Макроиқтисод чиро меомӯзад?

Чавоб ба саволи 1; Макроиқтисод ҳамчун илм қонуниятҳои фаъолияти иқтисодиёти миллиро умуман меомӯзад. Макроиқтисод алоқамандӣ ва баҳамтаъсиррасонии сегментҳои иқтисодиёти миллиро тадқиқ мекунад: бозори меҳнат, бозори пул, бозори сармоя, бозори мол ва хизматҳо, бозори захираҳои табиии иқтисодиётҳои миллӣ. Макроиқтисод муаммоҳои умумии барои тамоми иқтисодиёт дахлдоштаро тадқиқ карда, бо бузургиҳои маҷмӯавӣ, ба монанди маҳсулоти умумии дохилӣ, даромади миллӣ, маҷмӯи талабот, маҷмӯи пешниҳод, маҷмӯи истеъмолот, инвеститсияҳо, сатҳи умумии нархҳо, сатҳи бекорӣ, қарзи давлатӣ, сиёсати молиявӣ ва пулию қарзӣ ва дигарҳо сару кор дорад.

  1. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ чист?

Чавоб ба саволи 2; Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ин низоми индикаторҳои баҳамалоқаманд ва баҳаммувофиқ кардашудаи низоми ҳисобгирии миллӣ (НҲМ) мебошад, ки иқтисодиётро умуман тавсиф мекунад.

  1. Агрегиронӣ чист?

Чавоб ба саволи 3; Агрегиронӣ – принсипи асоситарини таҳлили макроиқтисодӣ буда, якҷоякунии унсурҳои алоҳидаро ба маҷмӯи агрегат дар назар дорад. Агрегиронӣ ба абстрагиронӣ асос ёфта имконият медиҳад, ки агентҳо, бозорҳо, алоқамандиҳо ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ҷудо карда шаванд.

  1. Ба агентҳои макроиқтисодӣ киҳо дохил мешаванд?

Чавоб ба саволи 4; Агентҳои макроиқтисодӣ хоҷагиҳои хонавода, фирмаҳо, давлат ва сектори хориҷӣ.

  5. СҲМ, хусусият ва таснифоти он.

        Чавоб ба саволи 5; Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон аксарияти мамлакатҳо мувофиқи пешниҳоди Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) услуби ҳисоби нишондиҳандаҳои макроиктисодиро дар асоси принсипҳои СҲМ огоз намуданд, ки ин чорабинӣ шароити

        муқоиса наудани ҳолати макроиқтисодии мамлакатҳои гуногуни ҷаҳонро фароҳам овард. Системаи ҳисобгирии миллӣ – ин маҷмуъаи нишондиҳандаҳои макроиктисодии оморӣ буда, ҳаҷми маҷмуъаи маҳсулотро (бароришро) ва маҷмуъаи даромадро тавсиф намуда, имконият медиҳад, ки ҳолати иқтисодии мамлакат баҳо дода шавад. Асоси назариявии СҲМ, модели гирдгардиши маҳсулот, хароҷотҳо ва даромадҳо хизмат мекунад. Нишондиҳандаҳои асосие, ки маҷмуъаи бароришро ва маҷмуъаи даромадро ҳисоб мекунад, ин чунин нишондиҳандаҳо мебошанд: маҳсулоти умумии дохилӣ (МУД); маҳсулоти умумии милли (МУМ); маҳсулоти софи дохилӣ (МСД); маҳсулоти софи милли (МСМ); даромади милли (ДМ); даромади шахсӣ (ДШ); даромади шахсии ихтиёрӣ (ДШИ). Дар СҲМ ба хароҷотҳои инвеститсионӣ танҳо инвеститсияҳои хусусиро дохил мекунанд, инвеститсияҳои давлатӣ бошанд ба хароҷотҳои давлатӣ дохил карда мешаванд. Ба гайр аз ин дар СҲМ ба сифати инвеститсияҳо танҳо инвеститсияҳои дохили, ки ба иқтисодиёт амалӣ карда шудаанд ба эътибор гирифта мешаванд.

...

Скачать:   txt (9.1 Kb)   pdf (75.3 Kb)   docx (769.5 Kb)  
Продолжить читать еще 2 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club