Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Фаъолияти геологии шамол

Автор:   •  Сентябрь 24, 2020  •  Лекция  •  748 Слов (3 Страниц)  •  516 Просмотры

Страница 1 из 3

                

Фаъолияти геологии шамол

Наќша:

1.Сабабњои пайдоиши шамол.

2.Намудњои шамол.

3.Сиклон ва антисиклон.

4.Дефлятсия.

        Шамол њаракати њавои атмосфера буда яке аз сабабњои тавонои љараёни экзогенї мебошад, ки кори бузурги геологиро иљро мекунад.

        Шамол яке аз сабабњои муњими иќлимофар буда, мављњо ва љараёнњои бањриро ба вуљуд оварда ба амалиёти онњо ќувват медињад, заррањои минералњоро аз замин бардошта  мувофиќи бузургиву вазнашон рўи замин мегузорад, њавои атмосфераро омехта намуда њамчун омили муњими экологї хизмат мекунад.

        Вобаста аз суръат, самти њаракат ва пайдоиш якчанд намуди шамолро људо мекунанд:

        - шамоли мўътадил, суръаташ 5-8 м/сон.

        - шамоли сахт, суръаташ беш аз 14 м/сон.

        - тундшамол, суръаташ 20-25 м/сон.

        Дар мамлакатњои атрофии Уќёнуси Ором шамолњои сахти харобиовар зиёданд. Масалан, дар минтаќаи бањри Кариб соли 1980 ногањон тўфоне бархост, ки суръати он ба 300 км/сония мерасид. Дар наздикии шањри Корпус Кристи ин тўфон киштии боркашро бо 37 аъзоёнаш ва 45000 тонна сўзишворї нобуд кард.

        Сабаби асосии ба њаракат омадани њавои Замин – нобаробар гармшавии љойњои гуногуни сатњи замин мебошад. Масалан, нисбат ба ќутбњо зиёдтар энергияи гармии Офтобро гирифтани ќисми экваторї, релефи ноњамвори Замин, ќобилияти гуногуни гармиќабулкунии биёбонњову минтаќањои барфпўш ва ѓайра.

        Дар минтаќањое, ки гармии Офтобро зиёд мегиранд, њаво гарму васеъ ва њаљман сабук шуда ба боло њаракат мекунад, ба љои вай њавои вазнину сард ворид мешавад. Љараёни њавои сард аз ќутбњо, яъне аз минтаќањои фишори баланд, ба сўи экватор, минтаќаи фишори паст, њаракат мекунад. Дар бисёр љойњо самти гардиши шамол вобаста аз мавсими сол таѓйир меёбад.

        Зимистон, њангоми зуд хунукшавии хушкї, уќёнус гармии тобистон љамъ кардаашро ќисман нигоњ медорад ва бинобар ин шамол аз материк ба сўи уќёнус мевазад. Таѓйирёбии самти љараёни њаворо дар соњили бањру кўлњо дар тўли шабонарўз низ мушоњида мекунанд. Масалан, рўзона, ки хушкї зуд гарм мешавад, шамол аз бањр ба самти хушкї, шабона бошад шамол аз самти хушкї ба сўи бањр мевазад. Ин шамоли соњилиро бриз меноманд.

        Дар атмосфераи Замин баъзан гирдшамолњое ба вуљуд меоянд, ки масоњатњои зиёдро (1500-3000 км) ишѓол мекунанд ва то баландии 2-4 баъзан то 15-20 км баландии атмосфераро дар бар мегиранд. Ин шамолњоро сиклон ва антисиклон меноманд.

...

Скачать:   txt (7.2 Kb)   pdf (73.6 Kb)   docx (11.2 Kb)  
Продолжить читать еще 2 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club