Истилоҳи фолклор ва фолклоршиносӣ
Автор: Мухрон Махмадов • Апрель 24, 2022 • Лекция • 371 Слов (2 Страниц) • 277 Просмотры
МАВЗӮЪ ВА МУНДАРИҶАИ ФОЛКЛОРИ АРАБ
Истилоҳи фолклор ва фолклоршиносӣ
Истилоҳи “фолклор” {folklore} дар илми фолклоршиносии ҷаҳон ҷойгоҳи худро пайдо намуд, ки он дар соли 1846 тавассути олими англис Вилиам Томс {William Thoms} вориди илм гардида буд. Ин истилоҳ аз ду ҷузъ: “фолк – мардум”, “лор – фарҳанги суннатӣ, дониши амалӣ, дониши анъанавӣ, ҳикмат ” иборат аст. “Фолклор”, яъне “дониши амалии мардум” , “дониши анъанавии мардум” ва ё беҳтараш “фарҳанги мардум” аст.
Дар садаи бистум муҳаққиқон ва адибон истилоҳоти “адабиёти даҳанакӣ”, “эҷодиёти даҳанакии халқ” , “адабиёти омма” , “адабиёти омиёна” ва амсоли инро дар асарҳои худ истифода карда бошанд ҳам, аммо истилоҳи “фолклор” тавассути фолклоршиносони рус ба маънии адабиёти гуфторӣ (шифоҳӣ) вориди пажӯҳишҳои фолклоршиносии араб шудааст. Ҳоло дар байни муҳаққиқон вожаи “фолклор” на он маънии васеъро, ки “хиради халқ”, “дониши мардум”, “фарҳанги мардум” аст дар бар мегирад, балки ба мафҳуми “адабиёти шифоҳӣ” вирди забони пажӯҳандагон аст.
Пас фолклор чиро меомӯзад? Баҳсҳо роҷеъ ба ин масъала то ба ҳол идома дорад. Дар баҳсҳои охир муҳаққиқон ба ин натиҷа расиданд, ки фолклор буд, ҳаст ва дар оянда хоҳад монд. Чунки мардум бидуни воситаҳои анъанавии зиндагӣ рӯзгори худро ба таври бояду шояд пеш бурда наметавонанд. Ҳарчанд ки аз ҷониби давлатҳои пешин ва имрӯз қонун ва қавоиди нав ба нав таҳия мешавад, вале мардум боз ҳам ба ҳамон расму оинҳои суннатӣ пайванданд. Аз ин рӯ, фолклор то он замоне, ки иртиботи суннатии мардум роиҷ аст, ҳамеша мавҷуд аст.
Ба ҳар фарди андешаманд
...