Қабр- чун манзилгоҳи баъдимаргии инсон
Автор: Рухсора • Декабрь 13, 2022 • Реферат • 1,200 Слов (5 Страниц) • 177 Просмотры
Қабр- чун манзилгоҳи баъдимаргии инсон
Қабр хонаи баъдимаргии инсон буда, онро конибодомиён “хонаи охират” низ ном мебаранд. Дар Конибодом он аз ҷониби қабркан (гӯрков) ба таври дастӣ канда мешавад. Асбоби асосии меҳнат дар қабрканӣ бел, каланд, каландча, лӯм мебошад. Ин касб меросӣ буда, вале шахсони ба тариқи шогирдӣ ба ин касб соҳибшуда низ ҳастанд. Мисол: набераи Шокирова С, (с.т. 1917) дар синни нӯҳ моҳагиаш вафот мекунад. Барои кофтани қабр гӯркоб намеёбанду падари кӯдак худаш қабри писарашро мекобад ва бо ҳамин ба ин касб соҳиб мешавад. Аммо дар минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон, ки дар онҳо гӯркобҳои касбӣ вуҷуд надорад, кофтани қабр ба зиммаи мардони деҳа вогузор карда мешавад. Аз рӯи намудашон қабрҳо якчанд намуд мешаванд. Қабрҳои якхонагӣ, духонагӣ ва сехонадор.
Қабрҳои якхонадор одатан дар минтақаҳои санглох вомехӯрад. Онҳоро инчунин “гӯри бовогӣ”, низ ном мебаранд. Қабрҳои якхонадор дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Кӯлоб, Помири ғарбӣ, Яғноб, Дарвоз, Зарафшон, Ашт мушоҳида мешавад. Он якчанд намуд кофта мешавад. Намуди 1 – ин чуқурии росткунҷаест, ки дарозиаш бо қади майит баробар буда, бараш 1-1.20 метрро ташкил медиҳад. Чуқурии он барои мардҳо то садри сина ва барои занҳо то нармаи гӯш муқаррар шудааст. Дар замини ин қабр чуқурӣ бо дарозии баробар бо қади шахси нишаста кофта мешавад. Ба чор тарафи қабр сутун гузошта шуда, баъди он, ки майит ба он гузошта мешавад, онро ба таври уфуқӣ бо пуштатахта руст мекунанд. Ҳамин тавр, болои қабр пӯшида мешавад ба болояшро бо хоки аз дохили қабр баромада теппа мекунанд. Чунин намуди қабр “гӯри чӯбӣ” номида шуда, дар ноҳияҳои Ховалинг, Дарвоз, деҳаи Ниёзбеки Конибодом ва дар баъзе минтақаҳо бо номҳои гуногун мушоҳида мешавад, мисол: дар Қаротегину Ғарм – “гӯри форсӣ”, дар Ҷиргатол- “гӯри чарма”. Ин намуди қабр аз ҷониби С. П. Поляков дар туркманҳо низ қайд шудааст.
Намуди 2. Қабр ба намуди чуқурӣ, ки дарозиаш бо андозаи 2.5 метр, дарозӣ новобаста аз ҷинси майит баробари қади одам (қабркан) бо дасти ба боло ёзондашуда ва бо фарохии 1.5 метр канда мешавад. Дар тарафи нишебии он ғӯлаи ғафсро зада медароранд. Ғӯлае, ки дар теппаи сари майит гузошта мешавад, 10-15 см. аз дарозии қабр зиёд буда, ғӯлаи тарафи поён бошад, бо дарозии қабр баробар гузошта мешавад. Дар канори (лаби) қабр ғӯлаҳоро ба ходае такя мекунонанд ва болои қабрро мисли фарш бо чӯби дароз мепӯшанд. Болояшро бо коҳ, чим ва гиёҳҳои гуногун (алаф) пӯшонида, баъд ҳамон хоки аз қабр баромадаро мепошанд ва ҳамин тавр, теппа пайдо шуда қабр будани он маълум мегардад. Чунин намуди қабр номи “манзили шомӣ” – ро дорад. Он дар қишлоқҳои Сари-Хосор ва Даштиҷуми Кӯлоб ба қайд гирифта шудааст.
Намуди 3 - чоҳи росткунҷаест, ки аз дарозии қади майит 20 см. дароз аст. Қаъри он тақрибан 1.5 метр ва фарохиаш 1 метрро ташкил медиҳад. Ба чор тарафи ин намуди қабр санг гузошта мешавад. Болои қабр бо тахтасанг пӯшида, ба болояш хок кашида мешавад. Теппаи хоки кашидашуда турбат номида мешавад. Чунин намуди қабр дар деҳаҳои Сари-Гор ва Девона Хоҷаи Кӯлоб мавҷуд буд.
Намуди 4. Ин чоҳи росткунҷаест, ки дарозиаш бо қади майит баробар буда, чуқуриаш аз ҷинси майит вобаста аст. Барои мардҳо он то болои нофи қабркан, барои занҳо бошад, то садри сина кофта мешавад. Фарохии он тақрибан 80 см аст. Дар ин қабр танҳо нишебии он бо санг рӯйпӯш карда мешавад. Андозаи сангҳо гуногун буда, ҳаракат мекарданд, ки тахтасангҳои суфтаро истифода баранд. Сӯрохии қабр бо кундаи дарахти арча пӯшида мешавад. Аз болои кунда як қатор санг чида шуда, баъд ба марказаш хок кашида мешавад.
Дар адабиётҳои этнографӣ 2 намуди қабрҳои духонадор ба қайд гирифта шудааст. Намуди аввал: Қабри духонагии типи катакомбӣ (ғор) бо дарозии даромадаш 2.5 метр. Қаъри он ҳам барои занҳо ва ҳам барои мардон бо қади
...