Лекции по "Химии"
Автор: Mirari • Декабрь 6, 2023 • Курс лекций • 13,558 Слов (55 Страниц) • 86 Просмотры
Мавзӯи №1. Назарияи сохти па йвастагиҳои органикӣ. Аҳамияти химияви биологӣ ва биоорганикӣ дар тиб
Химияи биологӣ ва биоорганикӣ ҳамчун илм сохт, хосиятҳо ва вазифаҳои биологии пайвастагиҳои органикиро меомӯзад. Мақсади асосии химияи биологӣ ин омӯзиши пайвастагиҳои калонмолекулаи биологӣ (биополимерҳо) ва биотанзимаҳо (биорегуляторҳо) мебошад.
Пайвастаҳои калонмолекулаи табиӣ, ки асоси сохти организмҳои зинда ҳастанд ва дар равандҳои ҳаётан муҳим вазифаи муайянро иҷро мекунанд биополимерҳо номида мешаванд. Ба инҳо пептидҳо, сафедаҳо, полисахаридҳо, кислотаҳои нуклеинӣ ва липидҳо дохил мешаванд.
Пайвастаҳое, ки мубодилаи моддаҳоро дар организм бо усули химиявӣ танзим мекунанд биотанзимаҳо (биорегуляторҳо) меноманд. Ба онҳо витаминҳо, гормонҳо, пайвастаҳои синтетикии аз ҷиҳати биологӣ фаъол ва инчунин пайвастаҳои доруӣ дохил мешаванд.
Химияи биологӣ барои тараққиёти кулли фанҳои тиббӣ-биологӣ асари ниҳоят муфид дорад. Масалан мо ҳангоми надонистани равандҳои биохимиявии организм дар бораи ин ё он беморӣ сухан ронда наметавонем.
Барои ташсих ва табобати тамоми намуди бемориҳо ин фан нақши ҳалкунанда дорад. Аз бемории ба ҳама маълум дида мебароем. Диабети қанд барои чӣ ин беморӣ ба вуҷуд меояд. Барои чӣ яъне аз кадом сабаб дараҷаи қанд дар хун баланд мешавад. Ба ин саволҳо бе надонистани қонуниятҳои равандҳои биохимиявӣ ҷавоб гуфтан номумкин аст.
Назарияи виталистии Я. Бертселиус. Мувофиқи ин назария моддаҳои органикӣ фақат дар организми зинда бо иштироки « Қувваи ҳаётбахш» ҳосил шуда метавонанду халос. Ин назарияро пайи ҳам назарияҳои радикалҳо ва хелҳо иваз карданд.
Назарияи радикалҳо. Назарияи радикалҳо дар солҳои 30-уми асри ХIХ аз тарафи Ю. Либих ва Ф. Вёлер пешниҳод шуда буд. Назарияи радикалҳоро инчунин назарияи дуалистӣ (аз калимаи юнонии «дуалис»-ду) меноманд. Мувофиқи он моддаҳои органикӣ аз ду қисм- радикали органикӣ ва боқимондаи ғайриорганикӣ (Н, Сl, OH, NH3) иборат мебошанд.
Навъҳои хелҳо. Баъдтар, солҳои 40-уми асри ХIХ О. Лоран ва Ш. Жерар назарияи хелҳоро пешниҳод карданд. Мувофиқи он ҳамаи пайвастаҳои органикӣ ҳосилаҳои моддаҳои оддитарини ғайриорганикӣ – ҳидроген, хлориди ҳидроген, об ва аммиак мебошанд. Масалан, ҳамаи карбоҳидрогенҳоро ҳосилаи ҳидроген, пайвастҳои хлордорро ҳосилаҳои хлориди ҳидроген, спиртҳо, эфирҳо ва кислотаҳоро ҳосилаҳои об, аминҳо ва амиди кислотаҳоро бошад, ҳосилаи аммиак мешумурданд. Формулаҳои химиявии моддаҳои органикиро тарзе менавиштанд, ки бо ёрии онҳо ин ё он хосияти химиявии моддаро ифода кардан мумкин бошаду халос.
Назарияи сохти химиявии А.М.Бутлеров дар солҳои аввал аз тарафи олимон дастгирӣ карда нашуд, чунки он моҳиятан ва табиатан ба љаҳонбинии идеалистӣ, ки дар он маврид ҳукмронӣ мекард, мухолиф буд. Баъди якчанд сол ин назария мақбули ҳамагон гардид. Сабабҳои аз нав таваљљуҳ намудани олимон ба ин назария ва тантанаи он асосан аз ду манбаъ сарчашма мегирад:
1. Назарияи А.М. Бутлеров ба ҳамаи он бесару сомониҳои тасаввурнашавандае, ки дар химияи органикӣ вуљуд дошт, хотима гузошт
2. Назария на танҳо сохти молекула ва хосиятҳои ҳамаи моддаҳои органикиеро, ки то он вақт маълум буданд шарҳ дода тавонист, балки маълумотҳои зиёди амалиро ба як системаи муайян дароварда, имконпазирии пайвастаҳои нави органикиро пешгӯӣ кард ва роҳҳои ҳосил кардани онҳоро нишон дод.
Чунонки худи А.М. Бутлеров пешбинӣ карда буд, назарияи сохти химиявӣ бетағйир намонд. Дар солҳои охир омӯзиши сохти пайвастаҳои органикӣ ба яке аз масъалаҳои муҳим табдил ёфт. Барои ин мақсад ба ғайр аз усулҳои химиявӣ, тариқаҳои физикӣ, аз қабили навъҳои гуногуни спектроскопӣ, рентгенография ва ғайра истифода мешаванд.
Тараққиёти минбаъдаи назарияи сохти химиявии Бутлеров ду самти асосиро дар бар мегирад. Самти якум - ин омӯхтани сохти фазоии молекулаҳои моддаҳои органикӣ буда, дар фазо нисбат ба якдигар љойгиршавии атомҳо ё гурӯҳи атомҳоро дар молекула меомӯзад. Вай ба шарҳу баён ва пешгӯӣ кардани далелҳои наве имконият дод, ки тасаввуроти пештараи назариявӣ аз уҳдаи он намебаромад. Самти дуюм омӯхтани сохти электронии пайвастаҳои органикӣ мебошад.
...