Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Технологияи истехсоли карбони техникӣ

Автор:   •  Май 20, 2021  •  Курсовая работа  •  3,206 Слов (13 Страниц)  •  366 Просмотры

Страница 1 из 13

ДОНИШГОЊИ МИЛЛИИ ТОЉИКИСТОН

ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ

КАФЕДАИ КИМИЁИ ТАТБИЌЇ

КОРИ КУРСЇ

Мавзўъ: «ТЕХНОЛОГИЯИ ИСТЕҲСОЛИ КАРБОНИ ТЕХНИКӢ »

Иљро кард: донишљўи курси 3-юми ихтисоси

                        31050101, шўъбаи рӯзона

Таваров Фаррух

            Роњбари илмї: н.и.к.дотсент

                                  Ёрмамадова С.Г.

Душанбе  2017

НАҚША

Сарсухан

1.Намудҳои дуда

2.Усулҳои истеҳсоли дуда

3.Равандҳои ҳосилшавии дуда

4.Ашъё барои истеҳсоли дуда

5.Тоза кардани ашёи газмонанд

 Хулоса

Адабиёт

Сарсухан

Карбони техникӣ (дуда)- маводи баланддисперсияи маҳсули сузиши нопурраи карбогидрагенҳо ё таҷзияи қисмм ба қисми онҳо  мебошад,ки дар таркиби газҳои табии ва саноатӣ,ва ҳамчунон дар равғанҳои нафти ва кумурӣ мавҷуд аст. Таркиби асосии онро карбон яъне на камтар аз  90%, 0,3 - 0,8 гидроген,то  10% оксигени хемосорбсияшуда, 0,05 - 0,5% минералҳои ғашдор ташкил медиҳад. Диаметри миёнаи зарра  (ки дорои шакли сферикӣ мебошад) 10 - 40 нм буда зичиаш ба  0,8 - 1,95 г/см баробар мебошад.

Аз ҷиҳати крислалнокӣ дуда дар байни  графити булурӣ ва карбони аморфӣ меистад.

Онҳоро қисман бо номи  турбостратегӣ ёдоварӣ намуда  яъне қабати номуайяни шакли карбонро ташкил медиҳанд. Зарраҳои дуда бо ҳамдигар бо агрегатҳои аввала алоқаманд мебошанд, (аз пакетҳои қабатии баробарпаҳлу , кристаллитҳое ки ҳамвориҳои графитӣро ташкил медиҳанд, ҳосил шудаанд. Аз ҷиҳати истеҳсол дударо ба се қисм ҷудо мекунанд: каналӣ, печӣ ва термикӣ. Ҳар як гуруҳ боз аз намудҳои гуногуни дуда иборат аст.

 Дудаи каналиро (диффузионӣ) ро ҳангоми нопурра сухтани гази табии ё ки омехтаи онро бо равған ҳосил мекунанд. Мисол ҳосилкунии  антрасен дар камераҳои сузанда . дар дохили камера сатҳои хунуккунанда мавчуданд,ки дар онҳо дуда  аз алангаи диффузионӣ такшон мешавад.

дудаҳои печӣ бошанд,ҳангоми нопурра сухтанӣ равған, газҳои табии ва ё омехтаи онҳо ки дар реакеторҳои махсус коркард карда мешавад,ҳосил карда мешавад.дударо дар намуди аэрозол аз дохили реакетор гирифта бо об хунук мекунанд.

Дудаҳои термикӣ бошанд дар генераторҳои махсус ҳангоми таҷзияи термикии газҳои табии ё асетелен бе иштироки ҳаво ҳосил мекунанд.

1.НАМУДҲОИ ДУДА

Дар замони ҳозира як қатор намудҳои  дудаҳо маълуманд. Намудҳои асоси инҳоянд:

а) каналии газӣ, печи газӣ, термикӣ – аз ашӣёи газӣ;

б) форсунчатӣ ва лампагӣ –аз ашъёи моеъгӣ;

в) фаъолнокии антрасенӣ – аз омехтаи буғҳои карбогидридҳои ангиштсанги дорои газҳои кокс буда.

 Бағайр аз ин намудҳои муҳим боз бо миқдори на он қадар калони дудаи асетеленӣ ва намудҳои махсуси дуда барои лакҳои баландсифат ва рангкунандаҳо истифода карда мешавад, истеҳсол карда мешаванд

Ҳар як намуди дуда хосияти физики ва химиявии махсуси худро дорад. Яке аз хусусиятҳои муҳими физико химиявии дуда ин дараҷаи дисперснокии вай,тавсифи сохти дуюма(занҷири дуда ) ва ҳамчунон хосияти сатҳии зарраҳои дуда ба ҳисоб меравад.

Дараҷаи  дисперснокии дуда асосан бо мафҳуми миёнаи арифметикии диаметри зарраҳои дуда тавсиф дода мешавад. ҳар як намуди дуда аз зарраҳои дорои андозаи гуногун иборат аст.Дудаи   каналӣ газӣ ва фаъолияти  антрасенааи дуда зарраҳои дорои  диаметри аз 100 то 900 Å доранд, печӣ - аз 100 то 1400 Å, форсунчаӣ - аз 250 то 3000 Å мебошанд. Сатҳи хоси дуда аз дараҷаи дисперснокӣ вобастагӣ дорад.Чӣ қадар андозаи зарраи дуда кам бошад,ҳамон қадар сатҳи хосаш зиёд мешавад.

дараҷаи дисперснокӣ ба хосиятҳои дуда таъсир мерасонад,дар навбати аввал таъсири вай ба каучук,чунки бузургии қувваи адсорбсионӣ баланд аст,

...

Скачать:   txt (34.9 Kb)   pdf (201.9 Kb)   docx (780.8 Kb)  
Продолжить читать еще 12 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club