Маърифат њамчун тафсир
Автор: Ysupov Muhammad • Январь 8, 2024 • Доклад • 379 Слов (2 Страниц) • 115 Просмотры
Маърифат њамчун тафсир
Бо сабабњои маълум дар гносеологияи муосир моњияти раванди маърифат беш аз пеш њамчун тафсиркунї (тафсир) ќабул гардид. Дар ин самт субъекти маърифат асосан ба њайси субъекти тафсиркунанда шинохта мешавад, зеро мављудият ва фаъолияти ў на танњо дар воќеияти объективї, инчунин дар олами образњо, аломатњо ва шаклњои рамзї густариш меёбад. Ин тарзи фањмиши раванди маърифат дар «Њаќиќат ва метод»-и Ганс Гадамер (1900-2002) возењу равшан баён карда шудааст. Масъалањои фалсафаи маърифат бо масъалањо ва таљрибаи герменевтика алоќамандии зич доранд.
Талоши маърифатии герменевтика барои бартараф кардани субъекти абстрактии гносеологї ва ба зидди анъанаи «људогардонї»-и муносибатњои субъектї-объектї нигаронида шудааст. Чунин таљриба ба тамоюли муосири фањмиши раванди маърифат мувофиќ аст.
Моњияти тафсир, тибќи аќидаи Гадамер, фаќат бо табиати амалиётї-методологї ё бо фаъолияти тафсиркунии матнњо тамом намешавад. Тафсир ба соњањои бунёдии маърифат ва њастї дахл мекунад. Тафсир њамеша субъекти худро дошта, унсурњои муносибати рўзѓорї-экзистенсиалистиро дар худ њамљоя намудааст. Дар тафсир озодии ботинї, нишонањои марбут будан ба фарњангу љомеа ифода гардидааст. Дар он инчунин љанбањои маърифатї (гносеологї, методологї ва герменевтикї) бо њам омада метавонанд.
Гуногунназарї дар тафсири фаъолияти маърифатї далолат менамояд, ки даъво ба «бартарї» ва кўшиши умуман рад намудани ин ё он таълимот дар бораи маърифат нодуруст мебошад. Дар сатњи метаназариявї матрањ ва маълум кардани «љойгоњ»-и ин назарияњо муътаќид месозад, ки муќобилгузории онњо самарабахш нест. Сухан
...