Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Аппарати мафҳумии илми химия ва нақши он дар ташаккуули ақидаҳои фалсафӣ

Автор:   •  Декабрь 27, 2017  •  Реферат  •  5,630 Слов (23 Страниц)  •  2,042 Просмотры

Страница 1 из 23

Реферат: Нақши химия дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ

Нақша

Сарсухан        1

1. Масъалаҳои фалсафии химия ва таъсири онҳо ба ташаккули илми химия        2

2 Аппарати мафҳумии илми химия ва нақши он дар ташаккуули ақидаҳои фалсафӣ        8

3. Масъалаи асосии химия ва шаклҳои ҳалли он        10

4. Таълимот оиди сохтори ашёҳо        12

Хулоса        14

Феҳристи адабиёт


Сарсухан

Дар охирњои асри ХIХ - ибтидои асри ХХ андешае љорї буд, ки тасвири олам воќеан созмон дода шуд ва агар ягон тањќиќоти дигар аз пеш биёяд, он фаќат даќиќ намудани баъзе љуъзиёте ба шумор мерафт. Аммо ногањон як ќатор кашфиёти муњим ба миён омаданд, ки дар доираи ин тасвир гунљоиш наёфтанд.

Агар дар илми классикї  воситаи куллии матрањ  намудани объектњо барои тањќиќ тавассути амалиёти таљридкунї (абстрактсия) ва умумикунонї (генерализатсия) - и маводи эмпирикии мављуда бошад, пас дар илми ѓайриклассикї ворид намудани объектњо барои тањќиќ бо роњи математикакунонї (математизатсия) сурат мегирад, ки он њамчун нишондињандаи асосии ѓояњо дар илм маънї гирифта, барои созмон додани бахшњо ва назарияњои нави он кўмак мерасонад. Математикакунонї барои баланд бардоштани дараљаи абстракткунонии  дониши назариявї мебарад, ки аз паси он гумшавии хусусияти аёнии он рух медињад.

Дар асоси дастовардњои физика донишњои химиявї ва хусусан дар соњаи созмон гирифтани моддањо инкишоф меёбад. Рушди механикаи квантї  барои барќарор намудани табиати робитањои химиявї, ки тањти он њамбастагии атомњо фањмида мешавад ва он пайванд намудани онњоро дар молекулањо ва кристалњо таъмин менамояд, имконият фароњам овард. Инчунин фанњои омўзиши химия, монанди физикохимия, стереохимия, химияи робитањои комплексї ба вуљуд омаданд ва коркарди усулњои синтези органикї шуруъ мешавад.

Майлгароии хосси давраи классикї барои мутлаќ сохтани усулњои тањќиќи улуми табиатшиносї, ки дар кўшишњои истифода аз маърифати иљтимої-инсоншиносї ифода меёфтанд, беш аз пеш мањдудият ва гароиши яктарафаи  худро нишон дод. Њамчунин равиши ташаккулёбии парадигмаи нави тањќиќотї пайдо шудан гирифт, ки он бар тасаввурот дар бораи маќоми махсуси илмњои иљтимої-инсоншиносї асос меёфт.

Њамчун аксуламал ба бўњрони табиатшиносии механикї ва тарафи мухолиф бар зидди ратсионализми классикї дар охири асри ХIХ љараёни дигар - “фалсафаи њаёт” ба миён меояд, ки пайравонаш В. Дилтей, Ф. Нитше, Г. Зиммел, А. Бергсон, О. Шпенглер ва дигарон буданд. Дар он њаёт њамчун воќеияти аввалї, раванди томи органикї мањсуб меёфт, ки барои маърифти он истифода намудани усулњои маърифати илмї маънї надорад ва танњо воситањои ѓайриратсионалї - њадс (интуитсия), фањмиш, дарки эњсосу маънї ва мисоли онњо имкон доранд. Аз М.Вебер сар карда, майл ба сўи ба њам наздик овардани илмњои иљтимої ва инсоншиносї оѓоз меёбад, ки он нишонаи фарќкунандаи рушди давраи пасоклассикии илм мебошад.

1. Масъалаҳои фалсафии химия ва таъсири онҳо ба ташаккули илми химия

Илми давраи пасоклассикї дар солњои 70-уми асри ХХ ташаккул меёбад.  Ба пайдоиши он инќилоб дар нигоњ доштан ва њосил намудани донишњои нав (компютергароии илм) мусоидат намуд, ки бе он њаллу фасли як ќатор вазифањои илмї бе истифодаи комплексии донишњои фанњои гуногуни омўзишї, бе дар назардошти маќоми инсон дар низомњои тањќиќотї имконпазир набуд. Њамин тавр, дар ин давра технологияњои омўзиши ирсият, ки бар усулњои молекуларии биология ва генетика асос ёфтааст ва барои созмон додани генњои нави дар табиат вуљуднадошта равона шуда буданд, рушд мегирад. Њадафи асосии технологияи омўзиши ирсият - таѓйир додани шакли ДНК мебошад. Фаъолият дар ин самт барои коркарди усулњои тањлили генњо ва геномњо, њамчунин  синтези онњо, яъне ба созмон додани организмњои аз нигоњи ирсиятшиносї навин шароит фароњам овард. Комилан усули нав корбаст гардид, ки он ба рушди босуръати микробиология - шабењсозии бадани зинда (клонирование) муваффаќ шуд.

...

Скачать:   txt (66 Kb)   pdf (406.1 Kb)   docx (34.7 Kb)  
Продолжить читать еще 22 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club