Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Амсиласозии иттилоотї-риёзї

Автор:   •  Февраль 17, 2024  •  Реферат  •  7,600 Слов (31 Страниц)  •  31 Просмотры

Страница 1 из 31

МУНДАРИҶА

Муқаддима        3

БОБИ 1. ҚИСМИ НАЗАРИЯВӢ        6

1.1. Моделиронӣ        6

1.2. Васоити таълимӣ..        8

Боби 2. ҚИСМИ АМАЛӢ. Амсиласозии иттилоотї-риёзї.        15

2.1. Амсилањои иттилоотї        15

2.2. Амсилањои риёзї. Технологияи амсиласозии риёзї ва зинањои он        21

Хулоса        34

Адабиёт        36

Муқаддима

Фанни методика яке аз фанҳои муҳиме мебошад, ки дар ҳама донишгоҳу донишкадаҳо омӯхта мешавад. Мавзӯи кори курсии ман низ ба ин фан ва технологияи иттилоотӣ алоқамандии зиёд дорад. Сараввал ман хостам, дар кори курсии худ дар қисми сарсухан дар бораи худи фанни методика маълумот дода бошам. Баъд аз он ки, қисми сарсухан ба анҷом расид, дар мавзӯи худи кори курсии худ, яъне дар мавзӯи “Тартибдињии амсилањои риёзї-иттилоотї барои истифодабарии дар машѓулиятњои фанни технологияи иттилоотии синфи 11 муассисаи таълими миёнаи умумї” қисми назариявии худро тартиб додам. Бояд ҳаминро қайд намоям, ки кори курсии омода сохтаам аз 3 қисми асосӣ иборат мебошад.

Қисми аввал ба қисми назариявӣ дахл дошта, дар он сухан танҳо дар бораи мавзӯъҳои муайяне, ки маро ба он мавзӯъҳо вобаста кардаанд, маълумот овардаам.

Дар қисми дуввум бошад, яъне дар қисми амалӣ бошад роҳҳои сохтани маълумотнома оиди васоити кабинети технологияи иттилоотї дода шудааст. Дар ин қисм  иттилооти мувофиќ оиди синфхонањои компютерии мактаби миёна оварда мешавад.

Сифат ва самаранокии дарси ҳаррӯзаи омӯзгорон, пеш аз ҳама, ба донишу маҳорат, ба истеъдоду кордонӣ ва эҷодкорию ҷаҳонбинии васеи худи ӯ вобастагии калон дошта, ба замми ин, донистани методикаи таълим ва хусусиятҳои психологии рафтору гуфтори шогирдон манфиати кории ӯро дар таълиму тадрис комилан боз ҳам хубтар мегардонад. Муаллим дар мактаб фашанги асосӣ ва идоракунандаест, ки он дастгоҳи азимеро, чун мактаб ба ҳаракат дароварда, ба воситаи он илму маърифатро ба шогирдонаш эҳдо карда, онҳоро дар рӯҳияи одаму одамгарӣ ва инсони комил будан тарбия мекунад ва пешравии таълим ва тарбияро таъмин месозад. Ин аст, ки дар бораи омӯзгор Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин суханони волоро муносиб донистааст: “Равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст”.

Возеҳ аст, ки тамоми ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён ба донишҳои гирифтаи онҳо вобастагӣ дорад ва дар ҳаёти онҳо таъсир ва мавқеи муайяне низ дорад. Дар аксари донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ҳангоми тадриси фанни технологияи иттилоотӣ таърихи он низ таълим дода мешавад.

Пас, қазоват бояд кард, ки омӯзгор, муаллим ва устод соҳиби чунин шарафи бузург ва беназир аст, месазад, ки худи омӯзгор ин бузургӣ ва шарафмандиро ҳамеша арҷгузор бошад ва арзанда будани худро дар назди халқу диёраш нишон дода тавонад. Ҳамзамон, масъулияти калонро ба дӯш гирифта, вазифаи худро сидқан ба ҷо биёрад ва шогирдони арзандаи замонро тарбия карда ба воя расонад, то дар оянда шогирдони ӯ низ омӯзгорони номдори кишвар ва замон гарданд.

Гузориши масъала

  1. Истифодаи аёниятҳои хониш дар рафти иҷрои кори курсӣ;
  2. Ҷамъ кардани маводҳо барои иҷрои ботартиби кори курсӣ;
  3. Санҷидани маводҳои ҷамъ карда дар муассисаҳои таҳсилоташон миёна, ба монанди литсей ё мактабҳои миёна.

Мақсади кори курсӣ

Фањмонидан ќоидањо ва мисолњо барои гузаронидани инвентаризатсияи хосилноки лавозимоту таљхизоти кабинети технологияи иттилоотї..


БОБИ 1. ҚИСМИ НАЗАРИЯВӢ

1.1. Моделиронӣ

Моделиронӣ – сохтани варианти прототипи оддӣ кардашудаи барои масъалаи додашуда таъминмешуда аниқии тасвири сохтани ӯ ё рафтораш мебошад.  

Бо кадом тарз моделиронӣ пайдо мешавад? Вай дар он асос мешавад, ки на ҳамаи аз прототипҳои таркибёфтаи алоқаи байниҳамдигарӣ байни онҳо ва таъсири факторҳои зоҳирӣ дар рамкаҳои масъалаи додашуда мебошанд. Ҷудо кардан мумкин аст (дар сатҳи боасоскунӣ ё пешгӯӣ) аслӣ ва ғайриаслӣ барои масъалаи мазкури мураккаби таркибёфтаи ҳамроҳкунӣ, баъд охиринҳоро партофтан ё наздик тасвир кардан. Аниқтар инчунин аз байниҳамалоқаҳо чун дохилӣ, чун берунӣ, ҷудо кардани он, ки дар масъала нақши асосиро мебозад ва дуюмин каммаъноҳоро иепартояд. Бо он ҳамроҳкунии навро мегирем, ки пуррахусусиятҳои прототипро намедиҳад, вале оддитар онро амсила меномем.

...

Скачать:   txt (76.8 Kb)   pdf (524.6 Kb)   docx (280.6 Kb)  
Продолжить читать еще 30 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club