Essays.club - Получите бесплатные рефераты, курсовые работы и научные статьи
Поиск

Экзистенсиализм

Автор:   •  Ноябрь 15, 2018  •  Реферат  •  1,024 Слов (5 Страниц)  •  397 Просмотры

Страница 1 из 5

ЭКЗИСТЕНСИАЛИЗМ

Экзистенсиализм-вуҷудгароӣ. Яаке аз ҷараёнҳои зиддиилми ва иратсионали  ки дар асри ХХ дар Аврупо ва бахусус дар ИМА нуфуз пайдо кард экзистенсиализм мебошад. намояндагони барҷастатарини он дар Олмон  М. Хайдеггер ва Карл Ясперс, дар Фаронса Г. Марсел, Ж.П. Сартер, А. Камю, дар Итолиё Н.Абанияно, дар ИМА  У.Баррет мебошанд. Ин фалсафа бисёр аз унсурҳои методи худро аз фенеменологияи файласуфи немис Э.Гуссерел касб кардаасту идеяҳои саромади он аз таълифоти мутафаккири диннии Данияги  С. Киеркигор гирифта шудааст.

Экзистенсиализм аз Киеркигор қаб аз ҳама идеяи тафакури экзистенсияро иқтибос кардааст.тафакури экзистенсиалӣ хилофи тафаккури илмӣ, ки принсипҳои назариявиро ба асос мегирад, бо ҳаёти ботини рӯҳии шахс, бо тассавуроту ҳиссиёти маҳрамонаи вай алоқаманд аст: маҳз чунин тафаккур ҳақиқати конкретие шуда метавонад, ки нафъи ҳақиқии инсони дорад. Агар тафаккури инсони нисбат ба субекти фикркунанда ва нисбат ба экзистенсия (мавҷудияти)-и вай бепарво бошад мутафаккири субъктивии экзистенсиалӣ ба тафаккури худ хеле манфиатдор аст вай дар он вуҷуд дорад.бинобар ҳамин тафаккури нисбат ба воқеъият чун нисбат ба як навъ унсури обективи аз субъективияти инсон “берун” бепарво буда наметавонад. Дар баробари ҳамин Киеркигор ДИҚАТРО БА НОУСТУВОРИИ ҲАСТИИ ОДАМ, МАҲКУМИ МАРГ БУДАНИ ВАЙ ҶАЛБ КАРДА ИНРО ДАР МАФҲУМҲОИ “ ВАҲМ”, “ ШУБҲА”, “ ИЗТИРОБ” ВА ҒАЙРА САБТ КАРДААСТ. БА ФИКРИ Киеркигор ҳаёт бағоят мураккаб ва пур аз ихтилофи инсонро ба фаҳму фаросат фаҳмидан муҳол аст ва “ нотавонии афкор”, “ҷангҷоли ҳақиқии фаросат” натиҷаи ҳамин буда, аз ин кас ба афсонафо ру меорад.

Ба ақидаи экзистенсиалистҳо вазифаи фалсафа на тадқиқи масъалаҳои илм, балки масъалаҳои соф ҳастии инсон будаас. Одамӣ хилофи хоҳишаш ба ин олам афтода, дучори қисматаш шудааст ва у дар олами барояш бегона умр ба сар мебарад. Чор тарафи вай аломатҳои сеҳрнок, рамзҳоанд. Ҳаёт комимлан иратсионалист, дар он ҳар кадом навъи азобу уқубат саршор аст. Тарсу ваҳм мавҳуми муҳимтарини фалсафаи экзистенсиализм мебошад.олам ҳарқадар бемаъни ва нофаҳмо бошад. Ба ҳамон андоза мудҳиш аст. Одамӣ дар ҳар қадам ба нохушиҳо дучор меояд. Одам зери пардаи “ дӯст барои дӯст” муқобили ҳамдигар амал мекунанд. Экзистенсиализм ҳаминиро ба асос мегирад, ки одам қабл аз ҳама ба кайфияту эҳсос зинда аст вай аз муҳити зист нафақат аз ҷиҳати назариявӣ ё интелектуалӣ, балки қабл аз ҳама ба кайфияту эҳсос мутаъссир мешавад.

Мақсади зиндагии инсон чист? маънои ҳаёти вай кадом аст? Вай дар олам чихел мақом дорад ва кадом роҳи ҳаётро пеш гирифтааст? Инҳо масъалаҳои ҳақиқатан ҳам басо муҳим буда, мардумро ҳатман ба ташвиш меоранд. Вале экзистенсиалистҳо ин масъалаҳоро илман ҳал намекунанд. Гап дар сари  он аст ки экзистенсиалистҳо вуҷуд гуфта қабл аз ҳама ҳастии маънавии шахс, шуури вайро дар назар доранд. “ мавҷудият шуур аст- мегӯяд Ясперс –ман ҳам чун шуур вуҷуд дорам... таҳлили мавҷудият ин таҳлили шуур аст2. Барои он ки одам худро махлуқи мавҷуда донад, вай бояд ба ҳадди ниҳоӣ афтад масалан,ба муҳити мубориза. Гуноҳ афтад: ҳолати  пеш аз марг ( талвосаи ҷонкани) мисоли равшани инҳолат аст. Дар ин ҳол олам дар назари кас “ маҳраму наздик” менамояд. Интуитсия, “ илҳоми экзистенсиалӣ” тарзи боэътимодтарини дарки олам дониста мешавад.

Масъалаи озодӣ, ки чун худро интихоб кардани одам фаҳмида шуда бошад, дар экзистенсиализм мақоми калон дорад, одам таврест, ки худро ихтиёран интихоб кардааст. Экзистенсиалистҳо ( масалан Сартр) озодиро дар руҳи индетерминизми  пурра, яъне берун аз ҳар як қонуният ва вобастагии сабабӣ ташреҳ медиҳад. Озоди на ба сабаб вобаста аст ва на ба асос. Бинобар ҳамин озодӣ ба гузашта новобаста будани ҳозира новобаста будани ояндаро дар назар дорад. Ба ҳамин тариқ, озодӣ вақти ҳастии одамиро алоқаманд не, балки ҷудо мекунад ва ба қавли Сартер “дар ҳастӣ сӯрохие” мекушояд. Вале озоди на чун озодии фаъолият, балки чун озодии интихоб ё муносибати субъект ба муҳити ба худаш новобаста ташреҳ меёбад, вай метавонад ба аҳволаш ихтиёран тан диҳад ё айнан ҳамин тавр ихтиёран рад кунад. Озодии моро вазъи объективӣ на худ ба худ, балки танҳо ба тариқи маҳдудият донистани он маҳдуд менамояд. Масалан, бандӣ ё ғулом ҳам муносибаташро ба аҳволаш ба тарзе муайян намуда “ озод “ буданаш мумкин аст. Аз ин ҷо хулоса бармеояд: вазифаи инсон на он аст, ки оламро тағйир диҳад, балки ҳамин аст ки муносибаташро бо олам тағйир диҳад. Аҷоиботи озодиро мутлақ донистан ҳамин аст, ки он қисмати ҳатмӣ дониста мешавад. Ба қавли Сартр одамӣ “маҳкуми озодӣ”  будааст.худи озодӣ зарурати азиятоваре шуда мемонад.

...

Скачать:   txt (12.2 Kb)   pdf (151 Kb)   docx (13.3 Kb)  
Продолжить читать еще 4 страниц(ы) »
Доступно только на Essays.club