TeamViewer
Автор: хикматулло икромов • Апрель 16, 2021 • Контрольная работа • 1,157 Слов (5 Страниц) • 260 Просмотры
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Факултети механикаю математика
Кафедраи Информатика
[pic 1]
Мавзӯъ: «Барномаи TeamViewer» [pic 2]
Ихтисос: Информатика 31030400
Иҷро кард: Донишҷӯёни курси 1-ум
Абдуллоев Исматулло
Икромов Ҳикматулло
Эгамов Амриддин
Боймуродов Парвиз
Ҳакимов Акбар
Роҳбари илмӣ: ассистент Тағоев Шамсулло
Душанбе-2018
TeamViewer
[pic 3] TeamViewer – барнома барои идора кардани компютерҳои дурдаст. Бо истифодаи ин барнома, мо метавонем байни компютерҳои идора кунанда ва идора шаванда файл фиристем, видеоалоқа ва веб-конфренсияҳо барқарор кунем.
Мо метавонем TeamViewer – ро дар системаҳои оператсионии Microsoft Windows, Mac OS X, Linux, Chrome OS, iOS, Android, RT Windows, BlackBerry ва Windows Phone 8 истифода барем.
TeamViewer – соли 2005 дар Берлини Германия таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир TeamViewer дар 1,5 миллард таҷҳизот насб шудааст.
Охирин версияи TeamViewer, яъне TeamViewer 13 - 13уми августи соли 2018 бароварда шуд.
TeamViewer барои истифодаи шахси ройгон аст, вале барои истифодаи тиҷоратӣ бояд версияи пурраи барномаро харидори намоем.
Нархи версияи пурраи TeamViewer аз 22 доллар сар мешавад то 89 доллар дар як сол.
Барои истифодаи барнома аввалан бояд онро аз шабакаи интернети ба худ сабт намуда гирем.
НАСБ НАМУДАНИ БАРНОМА ДАР КОМПЮТЕР
- Аввалан ба дилхоҳ браузери дар компютер буда дохил мешавем.
[pic 4]
- Ба сомонаи TeamViewer дохил мешавем.
[pic 5]
- Дар сомона тугмачаи “Download TeamViewer” мавҷуд аст, онро зер мекунем.
[pic 6]
- Баъд аз боргузори шудани барнома, он дар қисми поёнии браузер намоён мешавад. Дар болои он мушакро зер мекунем.
[pic 7]
- Барномаи “TeamViewer Setup”-ро мекушоем. Дар равзанаи пайдо шуда, дар боло “Basic installation” ва дар поён функсияи “Personal/ Non-commercial use”-ро интихоб карда, тугмачаи Accept-finish-ро зер мекунем. [pic 8]
- Дар равзанаи дигар бошад папка барои сабт намудани файлҳои барномаро интихоб карда, тугмачаи Finish-ро пахш мекунем.
[pic 9]
Акнун мо барномаро дар компютер сабт кардем. Метавонем онро истифода барем. Дар болои сояи барнома, ки дар мизи кори аст, 2 маротиба зер карда ба барнома дохил мешавем.
ТАРЗИ ИСТИФОДА БУРДАНИ БАРНОМА
Вақте, ки ба барнома дохил мешавед, барнома ба таври автомати ID ва рамз медиҳад. Системаи муҳофизатии барнома тавре тарроҳи шудааст, ки ҳар боре дубора ба барнома дохил мешавед, ID ва рамзи нав медиҳад. Барои пайваст кардани компютери 1 ба компютери 2, шумо бояд ID ва рамзи компютери 1-ро ба истифода барандаи компютери 2 ба ягон восита фиристодан даркор ва бояд ҳар дуи компютерҳо ба интернет пайваст бошад ё ба воситаи сим ба ҳам пайваст бошад.
...