Пайдоиши ҷомеаи инсонӣ
Автор: o.homidzoda • Март 16, 2021 • Курсовая работа • 6,462 Слов (26 Страниц) • 528 Просмотры
ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН дар шаҳри Панҷакент | |
ФАКУЛТЕТИ ҒОИБОНА Кафедраи таърихи бостон [pic 1] Аз фанни: “археологияи асри миёна ” дар мавзӯи: “ пайдоиши ҷомеаи инсонӣ” | |
Иҷрокунанда: Фаттоӽова М Устод: | Кори назоратии донишҷӯи бахши аввали шӯъбаи фосилавии ихтисоси таърихи бостон |
Панҷакент 2021
муқаддима
Инсон шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии инкишофи мавҷудоти зинда дар рӯи Замин, субъекти протсессҳо ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, эҷодкору қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих ва бунёдгари маданият аст. Инсон намуди биологии иҷтимоишуда аст. Инсон падидаи беназиру пурасрори эволютсияи табиӣ ва таърих аст. Табиати инсон чигуна аст, моҳияти инсонии вай чи тавр сурат мегирад, чи тавр ва дар чӣ зоҳир мешавад, ӯ аз дигар мавҷудоти зиндаи олам чӣ фарқ дорад, таъиноту маънои зиндагиву фаъолияташ дар чист? Оё вай дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ ва фаъолияти худ пуриқтидору тавоно ва номаҳдуд аст, ҳадду ҳудудҳои имкониятҳо, қобилияту талаботи ӯ чигунаанд – чунинанд масъалаҳои асасие, ки дар атрофии мафҳуми «Инсон» ба вуҷуд меоянд. Назарияҳои пайдоиши инсон гуногун ва хилофи якдигаранд. То Замони нав дар бораи пайдоиши инсон тасаввуроту таълимотҳои теистӣ ҳукмрон буданд. Дар Замони нав назарияҳое ба вуҷуд омаданд, ки пайдоиши инсонро ба парадигмаҳои дигар вобаста медонанд. Яке аз ин назарияҳо ба он асос ёфтааст, ки инсон пайдоиши фавқутабиӣ дорад, маҳсули «хиради кайҳонӣ» аст. Илми муосир ин фаҳмиши пайдоиши инсонро тасдиқ намекунад. Назарияи дигар аз он иборат аст, ки инсон пайдоиши табиӣ дорад, маҳсули эволютсияи биологӣ дар сайёраи Замин аст. Ин фаҳмиш ба назарияи эволютсионии Ч.Дарвин ва назарияи меҳнатии пайдоиши инсон асос ёфтааст, ки асосгузори он Ф.Энгелс мебошад. Ин назарияҳо дар илми муосир эътироф шуданд, ҳарчанд ки мухолифони онҳо ҳам ҳастанд. Парадигмаҳои фаъолияти меҳнатӣ ва эволютсияи табиӣ ба протсесси комплексӣ будани пайдоиши инсон аҳамияти хосса дода, омилҳои асосии онро муайян мекунанд. Аз рӯи маълумотҳои илми муосир оғози протсесси. Пайдоиши аҷдоди қадимаи он рамапитек (14- 20 млн. сол пеш) алоқаманд аст, ки бо ду по устувор роҳ мегашт, «олотҳои табиӣ»-ро истифода мебурд, вале худаш олот намесохт. Зинаи дигари пайдоиши он австралопитек (5-8 млн. сол пеш), баъд аз 2 млн. сол аз он ҳамоҳабилус – «одами боақл» пайдо шуд. Намуди аз он такомулёфтатар «ҳомоеректус» – «одами ростгард» 1-3 млн. сол пеш пайдо шуд. Ҳомоеректус қобилияту ҳунари тайёр кардани олотҳои шикориро дошт, аз оташ истифода бурданро медонист, қобилияти нутқ ҳам пайдо карда буд. Насли баъд аз он пайдошуда «ҳомосапиенс» – «одами оқил» (150- 200 ҳазор сол пеш) буд. Аз он одами кроманёнӣ (40-50 ҳазор сол пеш) пайдо шуд, ки бо симои зоҳирӣ, сохти косахонаи сар, рангу рӯй, қобилияту сатҳи ақлониаш ба инсони муосир монанд буд. Ӯ қобилияти ташкил кардани шаклҳои гурӯҳӣ-ҷамъиятии меҳнатро пайдо карда буд, аз маводҳои дастраси табиӣ манзилгоҳ месохт, нутқи сарреҳу инкишофёфта дошт. Омилҳои асосии антропогенез меҳнат, тафаккуру шуури мантиқӣ, забон (нутқ) ва танзими муносибатҳои ҷинсии аҷдодони инсон мебошанд. Антропогенез тарзи ташаккулёбӣ ва вуҷуд доштани ҳастии инсон – ҳастии иҷтимоӣ ва мадании инсон, протсесси суратгирии муносибатҳои иҷтимоии homosapiеns – инсони боақлу хирад ва субъектшавии он аст, протсесси ташаккулу инкишофёбии субъективият ва шуури он аст. Антропогенез ва сотсиогенез протсессҳои аз ҳам ҷудо вуҷудошта нестанд. Бе муносибатҳои ҷамъиятӣ (сотсиогенез маънои пайдоиши ҷамъияту муносибатҳои ҷамъиятиро дорад) аҷдодони инсони муосир инсон намешуданд ва бе инсон низ муносибатҳои ҷамъиятӣ ташаккул намеёфтанд. Антропосотсиогенез протсесси ягонаи бо ҳам пайваста сурат гирифтани антропогенез ва сотсиогенез аст. Антропосотсиогенез маънои пайдоиши инсону ҷамъиятро дорад. Онро ҳамчун протсесси аз ҳам ҷудои пайдоиши инсон ва ҷамъият фаҳмидан мумкин нест. Инсони типи муосир, яъне инсони боақл ва бо ду по рост роҳ мегаштагӣ 50 ҳазор сол пеш пайдо шудааст. Пайдоиши инсони муосир ба яке аз шохаҳои маймунҳои одамшакл – неандарталҳо алоқаманд аст. Минбаъд, дар давоми эволютсияи табиии зиёда аз 35 ҳазор сола неандарталҳо аз байн рафтанд, ҷои онҳоро кроманёнҳо – шохаи боз ҳам инкишофёфтаи дигар гирифт, ки бо хислату хусусиятҳо ва намуди зоҳирии худ аз неандарталҳо фарқ надоштанд. Неандарталҳо, ки бештар тараққӣ карда буданд, бо вуҷуди он дар зери фишори таъсиррасониҳои барои онҳо вазнину мушкили табиӣ малакаҳои пештараи худро гум карданд, то ки ба муҳити табиии тез-тез тағйирёбанда мутобиқ шаванд ва малакаҳои пештараи худро барқарор кунанд, вале ба онҳо муясар нашуд, бинобарин боз ҷои онҳоро кроманёнҳо гирифтанд. Аз ин рӯ, вақтҳои охир ақидаи дигар пайдо шуд, ки мувофиқи он намуди биологии «одам» дар натиҷаи омехташавии неандарталҳо ва кроманёнҳо пайдо шудааст. Дар протсесси антропогенез сифатҳои нави ғайрибиологии инсон, муносибатҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва фарҳангии вай пайдо шудаанд ва инкишоф ёфтанд, зоти инсон дорандаи субстрати нав гардид, ки дар тарзи сифатан нави зиндагии иҷтимоӣ ва мадании он зоҳир мешавад. Антропосотсиогенез ба «протсесси таърихии инсон» ва маданият асос гузошт. Пайдоиши муоширати фикрӣ, мубодилаи предметӣ, номгузории олоту воситаҳои истеҳсолӣ, предметҳои рӯзғор унсуру паҳлӯҳои муҳими ин протсесс буданд. Иҷтимоишавии одамони аввала бидуни мубодилаи афкор, номгузории ашёву предметҳои атроф, ки ба протсесси фаъолияту меҳнати худ ҷалб мекарданд, имкон надошт. Ҳамаи ин ва паҳлӯҳои тарзи нави ташаккулёфтаи зиндагии онҳо зарурати пайдоиши забонро ба вуҷуд овард.
...